Се узви як хонавода, ки дар рӯди Сир оббозӣ мекарданд, аз марг наҷот дода шуданд
Чоп шуд: 27/07/2019 | redaktorСе нафар аз як хонавода, ки дар ҷойи мамнуъ барои оббозӣ мехостанд шиноварӣ кунанд, бо талоши кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар Суғд аз чанголи марги эҳтимолӣ раҳо шуданд. Бо вуҷуди огоҳиҳои пайваста шаҳрвандон ҳамоно ҷойҳои мамнуъ барои оббозиро тафреҳгоҳ интихоб мекунанд ва дар аксар ҳолатҳо ин иқдомашон ба фоҷеа меанҷомад. Танҳо зарфи як ҳафтаи охир кормандони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ҷони 8 нафарро аз марг наҷот додаанд. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!