Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...

Руҷӯъ ба китобу китобхонӣ иқдомест барои боло бурдани сатҳи донишу маърифат аст. Китоб аст, ки роҳи торики инсонҳоро бо нури дониш мунаввар мекунад ва китоб аст, ки одамонро водор месозад рӯ ба омӯзишу парвариш оранд.  Ниёкони мо беш аз ҳар чизи дигар мутолиаи китобро сутудаанд ва онро даричаи вуруд ба олами нопайдоканори дониш номидаанд. Аз ҷумла Абдурраҳмони Ҷомӣ фармуда: 
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Иштироки кормандони КҲФ дар машқи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

18-21 сентябри соли 2018 бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии Гарнизони Суғд машқҳои муштараки амалиётӣ стратегии зиддитерористии Қўшунҳои гарнизони Суғд бо ҷалби Қӯшунҳои мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ва гузаронида шуданд. Машқи мазкур тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои соли 2018 гузаронида шуданд.

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе

Устодону хонандагони азиз!
Меҳмонони арҷманд!

Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем.
Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом

Омӯзишҳои омодабош дар ноҳияи Шаҳринав

Ҳоло, ки ҳолати фавқулодда рух надода, офати табиву техногенӣ таҳдид намекунад, ҳаво бебориш аст ва хавфи омадани сел дида намешавад, бояд омода буд. Зеро офатҳои табиӣ бе огоҳӣ меоянд, инсонҳоро дар ғафлат мегузоранд. Вале тамринҳову омӯзишҳо метавонанд дар ҳар ҳолат муфид бошанд, чун нерӯҳои наҷот ва аҳолӣ ҳаддиақал медонанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кард. Ин аст ҳадафи барномаҳои омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки пайваста роҳандозӣ мешавад.

Тамрини ихтиёриён дар Кӯлоб

Дар Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъ якҷо бо намояндагони созмони байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гурӯҳи наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи аҳолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дарси амалӣ гузаронида шуд.

Страницы