Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби таҷҳизот ва техникаи замонавии наҷот шуд
Чоп шуд: 23/05/2018 | adminВоҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷҳизот ва техникаи замонавии ҷустуҷӯву наҷот шуданд. Таҳвили шумори азими таҷҳизот бешак зарфиятҳои хадамоти наҷотро боло мебарад ва чуноне Раиси Кумита дар маросими таҳвили техника гуфт, сабабгори наҷоти ҷонҳои зиёд ва осон шудани заҳмати наҷотдиҳандагон мегарданд.