Агентии швейсарии рушд ва ҳамкориҳо ба бунёди Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ кӯмак мекунад

Хонум Регина Гуян,  Ҳамоҳангсози Барномаҳои Агентии швейсарии рушд ва ҳамкориҳо изҳор дошт, ки ин ниҳод омода аст дар роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бунёди Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ кӯмак кунад.
15-уми ноябри соли 2016 бо ташаббуси Агентии Швейсарии рушд ва ҳамкориҳо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози тамринҳои панҷрӯзаи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб

Аз 15 то 19-уми ноябри соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои саҳроии “Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳия” ширкат мекунанд.
Ин тамринҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки аз 19 то 26-уми ноябрии соли равон дар қаламрави мамлакат якбора пас шудани ҳарорати ҳаво, боронҳои гузаранда ба барф интизор меравад.
Дар минтақаҳои куҳӣ эҳтимоли боридани барфи тар ва яхбандӣ вуҷуд дорад.

Дар даҳ моҳ 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ иттифоқ уфтодааст

Зарфи даҳ моҳи охир 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Даҳ нафар дар натиҷаи резиши санг, 7 нафар дар сел, ду нафар дар натиҷаи ярч ва 1 нафар аз раъду барқ ҷони худро аз даст додаанд.
85 дарсади ҳодисаҳои фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд иттифоқ уфтодааст, чун дар ин даҳ моҳ 44 дарсади ҳодисаҳои фавқулодда дар қаламрави ҳамин вилоят рух дода буданд.

44 дарсади ҳолатҳои фавқулоддаи 10 моҳи охир дар қаламрави вилояти Суғд рух додаанд

Зарфи 10 моҳи охир дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 њолатњои фавќулодаи табиї сабт шудааст, ки 62 дарсади он ё худ 34 ҳодиса омадани сели харобиовар буд.
14,5 дарсади ҳолатҳои фавқулодда шамоли сахт, 7,3 дарсад ярч, 5,4 дарсад резиши санг будааст.
Дар ин 10 моҳ 2 ҳодисаи ларзиши эҳсосшавандаи замин ба қайд гирифта шуд ва як ҳодисаи тарма низ сабт гардид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки зарфи нуҳ моҳи соли

Страницы