Илм ва фанноварӣ

Мушоҳидаҳои муштараки аэровизуалии кўлҳои рахнашавандаи ҳавзаи дарёи Шинг

Ин сафари корӣ охири моҳи сентябр сурат гирифта буд. Як таҳқиқоти муштараке буд, ки мебоист сатҳи таҳдиди хатар дар кӯлҳои рахнашаванда ҳавзаи Шинг омӯхта мешуданд. Ин кӯлҳо бо сабабҳои гуногун ва дар замонҳои мухталиф пайдо шудаанд ва дар сурати таҳқиқ нашудан, метавонанд тадриҷан ба омили хатар табдил ёбанд. Ин буд, ки дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёде аз таърихи мошинҳои барфрӯбӣ дар остонаи зимистон

Имрӯз наметавон ҳаёти худро бе вуҷуди мошинҳои барфрӯбӣ тасаввур кард. Аммо замонҳои пеш, ҳатто як аср пештар мушкилоти шаҳрҳо дар зимистон ба маротиб бештар буд. Кӯчаҳои барфпӯш равуои одамон ва аробаҳоро душвар мекарданд. Он замон мошин ба ҳадди имрӯз зиёд набуд ва шаҳрҳо ҳам камҷамъият буданд. Вале зимистон ва замони яхбандӣ мушкилоти чӣ шаҳриён ва чӣ деҳотиёнро афзун мекарданд.

Гармои шадид ва хушксолӣ дар Зимбабве 55 филро кушт. Чаро? (Видео)

Зарфи ду моҳи гузашта бар асари як беобии сартосарӣ дар Зимбабве ҳаддиаақал 55 фил дар мамнуъгоҳи миллӣ ба далели гуруснагӣ ва ташнагӣ ба ҳалокат расид. Сухангӯи  созмони мудирияти ҳаёти  ваҳшӣ ва паркҳои  Зимбабве ба хабарнигорон гуфт: “Шароит ногувор аст, филҳо бар асари  гуруснагӣ мемиранд ва ин як мушкили бузург аст.  Имсол хушксолӣ ба шиддат ба тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ зарар овард”.

ПАЖӮҲИШ: Афзоиши бесобиқаи оташсӯзӣ дар ҷангалҳои Амазонка

Созмони таҳқиқоти фазоии Бразилия гуфтааст, ки ҷангалҳои боронии ин кишвар дар соли ҷорӣ шоҳиди  шумори бесобиқае аз оташсӯзиҳо будааст. Ин муассисаи миллӣ гуфтааст, ки додаҳои моҳворавиаш нишондиҳандаи афзоиши 82 дарсади  оташсӯзиҳо нисбат соли 2018 аст. Дуди ин оташсӯзиҳо бо вазиши бод аз фосилаи  2700 километр дар рӯзи душанбе ба Сан – Паулу (калонтарин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ)расид ва осмони шаҳрро барои соате тира кард.

Страницы