Илм ва фанноварӣ

Пажӯҳиш: Саранҷом, исбот шуд, ки ҳайвонҳо метавонанд заминларзаро пешбинӣ кунанд

Дар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми  таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд. 

Нигаронии коршиносони СММ аз афзоиши сирояти бемориҳои ҳайвон ба инсон

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба ин назаранд, ки КОВИД-19 зарфи ду соли оянда ҳудуди 9 трилион доллар харҷ рӯйи дасти кишварҳои олам хоҳад гузошт. Онҳо афзоиши эпидемияҳое чун КОВИД-19-ро ба кишоварзӣ, чорвопарварии нопойдор, боло рафтани талабот ба гӯшт ва паёмадҳои гармоиши замин рабт медиҳанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳар сол бар асари бемориҳои...

Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард

Тайи ду моҳи ахир дар Бодствано садҳо фил ба ҳалокат расиданд ва марги ин миқдор фил муҷиби даҳҳо гумону тахмин шудааст. Касе иллати аслии марги ҳайвонотро намедонад. Давлати Бодствано гуфтааст, ки танҳо баъди дарёфти натиҷаи тестҳо метавон иллати аслии ин маргумирро расман эълон кард. Ҳоло озмоишгоҳҳои ин кишвар саргарми омӯзиши тестҳоанд.  Бодствано кишваре мебошад

Вирусшиноси чинӣ аз авҷи нави коронавирус ҳушдор медиҳад

Вирусшиноси чинӣ аз Вуҳон Ши Чжэнли мегӯяд  пандемияи коронавирус, ки имрӯз шоҳидаш мебошем, ҳоло ба мисли он аст, ки мо нӯги яхкӯҳро мебинем ва азамати  ин кӯҳи яхӣ бароямон рушан нест. Ши Чжэнли ва ҳамкораш Суй Сзе боз ҳам дар хуффошҳо вируси SARS кашф кардаанд ва мегӯянд ин метавонад оғози дигаре ба мусибатҳои инсонӣ бошад.

Офтобгирифтагӣ ва шарҳи илмии он

Дирӯз кулли сокинони кишвар шоҳиди хуршедгирифтагӣ ё кусуф шуданд. Ҳаво нисбатан хиратар шуд, гармии офтоб коста гардид, садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳо интишор доданд ва ин рӯйдодро ҳар касе ба таври худ шарҳу баён кард. Дар гузоришҳои илмие, ки пештар ҳам дар ин бораи чоп шуда буданд, гуфта мешуданд, ки Моҳ дар масофаи хеле дур аз Замин қарор хоҳад гирифт, аз ин рӯ наметавонад

Страницы