Илм ва фанноварӣ

Чин панголинро аз феҳристи доруҳои суннатӣ хориҷ кард. Оё ин ҳайвон низ интиқолдиҳандаи вируси корона буд?

Бино ба гузоришҳои расида аз Чин ин кишвар панголин ё ҳамон мурчахӯри  пулакдорро аз феҳристи расмии доруҳои сунатии чинӣ хориҷ кардааст. Ин иқдом, ки рӯзномаи “Тоймз беҳдошт”-и Чин гузориш кардааст, дар пайи он гирифта шуд, ки давлати Чин панголинро таҳти бештарин ҳифозат қарор дод.  Шикори ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии пулак ва гӯшт ин пистондори камёбро ба марзи инқироз рондааст. 

Чаро вирусҳо бештар аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд?

Дар ҳоле, ки олам дар мубориза бо КОВИД-19 дасту панҷа нарм мекунад, донишмандонро ин суол машғул дошта, ки чаро тайи чанд соли охир вирусҳои кушандаву маргбор аз ҳайвонот ба инсон сироят мешаванд? Ахиран ВВС таҳлиле интишор дод, ки бо каме ихтисор онро чоп мекунем.

Дар ҳоле ки тағйироти иқлимӣ ва ҷаҳонӣ шудани...

Нигаронии донишмандон аз ҳамагирии оянда дар Сайёра

Табиатшиноси бразилӣ Дэвид Лапола (David Lapola) дар бораи ҷангалҳои Амазон изҳори назар карда ва гуфтааст, ки эҳтимол меравад сарчашмаи ояндаи як ҳамагирии ҷаҳонӣ ҳамин бешазорон шаванд. Сабаби ин пандемия метавонад ҳамлаи инсон ба табиат ва коҳиши масоҳати бешаҳои Амрикои Ҷанубӣ шавад. Дар ин бора ахиран ба нақл аз ин табиатшинос хабаргузории AFP иттило дод.

Чин мегӯяд панҷ воксани зидди короновирусро озмоиш кардааст

Чин ҳам дар бораи озомиши муваффақонаи панҷ воксани мухталиф барои короновирус хабар дод. Мақомоти чинӣ мегӯянд ин воксанҳо ҳоло дар бадани 2575 нафар ихтиёриён мавриди санҷиш қарор гиифтанд. Агар санҷишҳои баъдӣ ҳамин гуна муваффақона бошанд, пас метавон умед кард, ки озмоиши клиникии ин воксанҳо моҳи июл ба таври фарогир оғоз хоҳанд гашт...

5 чизе, ки бояд дар бораи Гидроксихлорохин донист. Оё метавон онро дар муолиҷаи Covid-19 истифода кард?

То ҳамин чанд моҳ қабл кӣ метавонист ҳатто тахмин кунад, ки бо пайдоиши  Covid-19  ин доруе, ки ҳанӯз 70 сол пеш вориди бозори давофурӯшӣ шуда буд, дар гирдоби баҳсҳои илмӣ қарор мегирад. Ахиран профессор Дидйе Раул эълон кард, ки гидроксихлорохин метавонад мубталоёни ба короновирусро табобат кунад. Аммо суоли матраҳ ҳоло ин аст, ки мо дар бораи ин дору дар асл чӣ медонем ва чиро бояд бидонем?

Страницы