Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм
Чоп шуд: 29/09/2020 | admin
Дар марҳилаи аввали Кушоишҳои бузурги географӣ Испания ва Португалия нақши муҳим ва калидӣ бозиданд. Ин ду кишвар бо сабабҳое пештар аз мамолики дигар омода ба иҷрои вазифаҳои мушкиле, ки ҳаёт дар наздашон гузошта буд, шуданд. Муддати чанд даҳсола баҳрнавардони ин кишварҳо роҳи ҷанубу шарқӣ ба кишварҳои Шарқ дар атрофи Африқо ва ҷанубу ғарб давр задани Амрикоро кашф карданд,