Коронавирус nCov

COVID-19: Баъди вуруди Толибон ба Кобул ваксангирии аҳолӣ 80% коҳиш ёфтааст. Дар ҷаҳон марг бар асари коронавирус кам шудааст

Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 214 миллиону 780 ҳазору 276 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 4 миллиону 477 ҳазору 259 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди шифоёфтагон аз ин беморӣ 192 миллиону 110 ҳазору 600 нафар эълон шудааст.

Шумори олудагон ба коронавирус дар олам аз 214 миллион гузашт. Дар Тоҷикистон 16 562 нафар гирифтор шудаанд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 434 852 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 7192 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 214 миллиону 174 ҳазору 539 нафар олудаи COVID-19 шуданд ва 4 миллиону 469 ҳазору 005  нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то ба имрӯз 16 562 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ 124 нафар эълон шудааст. 16 360 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Covid-19: Британияи Кабир ваксинкунии бачаҳои аз 12 то 17-соларо бо ваксинаи Moderna иҷозат дод

Шумори мубталоёни ба коронавирус дар ҷаҳон ба 209 миллиону 276 ҳазору 336 нафар расидааст. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия ва Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое шомиланд, ки аз ҳама бештар – аз ҳудудан 38 миллион то беш аз 6 миллион гирифтори Covid-19 доранд.

Агенти назорати дору ва маҳсулоти тибии Британияи Кабир истифодаи ваксинаҳои дорусозии амрикоии Modernaро барои эмкунии бачаҳои аз 12 то 17-сола иҷозат дод. 

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам ба 208 миллион наздик шуд

Шоми 15-уми августи соли равон теъдоди беморони гирифтори Covid-19 207 миллиону 907 ҳазору 082 нафар эълон шуд ва 4 миллиону 373 ҳазору 339 нафар аз он фавтиданд.  Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия ва Фаронса бо доштани шумори бештари сироятшудагон дар панҷгонаи аввали кишварҳо дохиланд.

Шумори гирифторон ба Covid-19 дар Тоҷикистон ба 16 ҳазор наздик шуд

Шаби 13-уми августи соли равон шумори гирифторон ва коронавирус 106 миллиону 751 ҳазору 968 нафар эълон шуд. Кишварҳое, ки бештар аз дигарон мубтало ба Covid-19 доранд:

ИМА— 37 209 403

Ҳинд — 32 155 765

Страницы