Шумори гирифторон ба Covid-19 дар Тоҷикистон ба 16 ҳазор наздик шуд

Шаби 13-уми августи соли равон шумори гирифторон ва коронавирус 106 миллиону 751 ҳазору 968 нафар эълон шуд. Кишварҳое, ки бештар аз дигарон мубтало ба Covid-19 доранд:

ИМА— 37 209 403

Ҳинд — 32 155 765

Бразилия — 20 319 000

Русия — 6 557 068

Фаронса — 6 425 436

Канада тасмим гирифт, ки ба кишварҳои фақири олам 10 миллион доза ваксинаи Johnson & Johnson диҳад, хабар дод Canadian Press истинодан ба вазири харидуфурӯши Канада Анита Ананд.  

Олмон ба рӯйхати кишварҳоеро, ки хатари сироят ба вируси корона дар онҳо зиёд аст, ИМА, Исроил, Черногория ва Ветнамро ҳамроҳ кард. Тибқи қонунҳои Олмон шаҳрвандоне, ки аз ин кишварҳо меоянд, бояд ба карантини ҳатмии даҳрӯза фаро гирифта шаванд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир беш аз 32 ҳазор мубталоёни нав ба коронавирусро сабт карданд.  

Дар Ҷопон зарфи 24 соати гузашта зиёда аз 20 ҳазор гирифторони нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуданд.  

Дар Озарбойҷон шабонарӯзи гузашта 2674 нафарро чун мубталои нав сабт карданд, Гурҷистон бошад аз эътидоли сироят ба вируси корона зарфи ду ҳафтаи гузашта хабар дод.  

Русия зарфи 24 соати гузашта 22 277 нафарро чун сироятшудаи нав ба коронавирус сабт кард. Дар ин муддат 815 нафар бар асари  COVID-19 ба ҳалокат расиданд ва шумори куштагони ин беморӣ дар ин кишвар ба  168 864 расид.

Воксинаи русии  "Спутник V" низ ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон метавон бо ваксинаҳои англисиву шведии AstraZeneca, чинии CoronaVac ва амрикоии Moderna ройгон зидди КОВИД эм  кард.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 15 997 нафар расид.