Коронавирус nCov

ПАЖӮҲИШ: Воксинҳо инсонро аз сирояти ҳамаи гунаҳои коронавирус муҳофизат мекунанд

Сарфи назар аз он ки гунаи ҳиндии коронавирус (Делта) нисбат ба гунаҳои дигари он сироятшаванда ва пурхатар аст ва ҳатто барои ононе ҳам, ки аз ду доза як доза воксинро гирифтаанд, хатар дорад, аммо донишмандон исбот карданд, ки эмкунӣ зидди ин вирус сатҳи ҳимояро маротиб боло мебарад. На танҳо садди роҳи сироят ба шаклҳои вазнини Covid-19 мешавад, балки сатҳи маргумирро ҳам поён мебарад.

Чанд хабари кутоҳ аз КОВИД-19 дар олам

Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 7742 ҳодисиа нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии гирифторон дар ин кишшвар ба 4 миллиону 573 ҳазору 419 нафар расид. Аз COVID-19 127 907 нафар фавтиданд.

Дар Юнон шабонарӯзи гузашта 400 гирифтори нав ба коронавирус сабти ном шуд ва шумори умумии беморони гирифтори SARS-CoV-2 ба 415 401 расид.

Чанд хабари муҳим аз Covid-19 дар олам

Дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно ҳодисаҳои нави сироят ба коронавирус сабт мешавад. То кунун аз сирояти 886 низомии амрикоӣ дар ин пойгоҳҳои ҳарбӣ хабар дода шудааст.

Дар Бразилия шабонарӯзи гузашта бештар аз 2,3 ҳазор нафар бар асари КОВИД-19 фавтиданд, моҳи апрели соли равон ҳар шабонарӯз то 4 ҳазор ба ҳалокат мерасиданд. 

COVID-19: Хушбинии сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз коҳиши рӯзафзуни гирифторон ба коронавирус

Сарвари созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус  гуфт, ки аз моҳи май шумори гирифторон ба коронвирус дар олам рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо вай ҳушдор дод, ки штамми нави коронвирус, ки ҳоло таҳдид мекунад, барои касоне, ки зидди ин беморӣ худро эм накардаанд, метавонад марговар бошад. Табибон ба ин назаранд, ки муҳимтарин сипар зидди коронавирус ин эмкунии сартосарии аҳолии Сайёра мебошад.

Covid-19: Қазоқистон ҷаримаи вайронкунандагони низоми худинзивоъро ба 205 доллари ИМА расонд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус дар оламро 174 миллиону 382 ҳазору 022 нафар ва фавтидагонро 3 миллиону 752 ҳазору 212 нафар эълон кард. ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно аз зумраи кишварҳое мебошанд, ки шумори бештари мубталоён доранд.

Дар ИМА сирояти шабонарӯзӣ ба коронавирус аз 20 ҳазор

Страницы