Чанд хабари кутоҳ аз КОВИД-19 дар олам

Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 7742 ҳодисиа нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии гирифторон дар ин кишшвар ба 4 миллиону 573 ҳазору 419 нафар расид. Аз COVID-19 127 907 нафар фавтиданд.

Дар Юнон шабонарӯзи гузашта 400 гирифтори нав ба коронавирус сабти ном шуд ва шумори умумии беморони гирифтори SARS-CoV-2 ба 415 401 расид. 

Туркия аз сирояти боз 5012 нафар ва марги 53 тан хабар дод. То ба имрӯз дар ин кишвар 5 330 447 нафар олудаи COVID-19 шуданд ва  48 721 нафар аз он ҷон бохтанд.

Дар Украина зарфи 24 соати сипаришуда 464 сироятшудаи навро ба қайд гирифтанд ва 13 нафар аз COVID-19 фавтиданд.

Шумори умумии гиифторон ба SARS-CoV-2  дар Белорусия 406 360 нафар эълон шуд.

Шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар Русия боз ҳам боло рафт. Шабонарӯзи гузашта 13 721 мубталои нав ба COVID-19 сабт шуд. Теъдоди умумии сироятшудагон ба ин беморӣ дар Русия 5 миллиону 222 ҳазору 408 ва фавтидагон 126 801 нафар гуфта мешавад. 

Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 967 ва дар Қирғизистон 459 ҳодисаи нави сироят ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар Қирғизистон 1899 нафар эълон шудааст.

Аз аввали ҳамагирӣ дар Узбекистон 103 813 нафар мубталои нав ба  Covid-19 сабт шуда ва аз он 708 нафар фавтидаанд.