Коронавирус nCov

Covid-19: Дар Шветсия теъдоди марг ба асари ин беморӣ дар шабонарӯзи гузашта дар қиёс ба як рӯзи пеш 13 нафар афзуд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 164 ҳазору 748 нафар чун сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 116 миллиону 233 ҳазору 565 нафар расид. Дар 24 соати гузашта боз 5 ҳазору 13 нафар аз ин вируси маргзо ҳалок шуданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 581 ҳазору 943 нафар расидааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод...

COVID-19: ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки олудаҳои бештар ба КОВИД-19 доранд

Шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари олам ба 115 миллиону 768 ҳазору 959 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 179 ҳазору 810 нафар пайвастанд. Ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ 2 миллиону 571 ҳазору 785 нафар эълон шуд ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 5 292 нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. 91 миллиону 469 ҳазору 136 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

КОВИД-19: Олам боз дар рӯ ба рӯ бо афзоиши мубталоёни нав ба коронавирус қарор гирифтааст

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дар як брифинги матбуотӣ хабар дод, ки бори аввал дар ҳафт ҳафтаи охир дар олам афзоиши шумори мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар кишварҳои Аврупо аввалин нишонаҳои болоравии сатҳи гирифторӣ ба КОВИД-19 мушоҳида мешавад. Баъди коҳиши шумори мубталоёни нав аз аввали моҳи феврали соли равон нишонаҳои...

КОВИД-19: Амрико гуфт воксани дар ихтиёрдоштаи худро бо дигар кишварҳо қисмат намекунад

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 114 миллиону 995 ҳазору  418 нафра расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 550 ҳазору 296 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта боз 108 ҳазору 508 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд ва 3 076 нафари дигар аз ин вирус фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон то ба имрӯз 90 миллиону 721 ҳазору 245 нафар буда, 90 ҳазору 374 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

COVID-19: Чин ба Алҷазоир 200 ҳазор доза воксани Sinopharm туҳфа кард

Воксани Pfizer-BioNTech метавонад муддати ду ҳафта дар яхдони муқаррарӣ дар сардии 20 дараҷа поини сифр нигоҳ дошта шавад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе Раёсати назорати сифати маводи ғизоӣ ва доруҳои тиббии Амрико хабар дод. Пештар гуфта мешуд, ки ин воксан бояд дар сардии на камтар аз 70 дараҷа поини сифр нигоҳдорӣ шавад ва ба таҷҳизоти махсусе ниёз дорад, ки ин кори ҳамлу нақли онро душвор мекунад.

Страницы