Коронавирус nCov

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 65 миллион наздик мешавад. Парламони Ҷопон тарҳи қонун дар бораи эмкунии ройгони шаҳрвандонро тасвиб кард

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз, 3 декабр хабар дод, ки шумори гирифторон дар коронавирус дар олам ба  64 миллиону 865 ҳазору 959 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта теъдоди мубталоён боз 213 ҳазору 888 нафар афзудааст. Аз ин беморӣ дар олам то кунун 1 миллиону 499 ҳазору 671 нафар ҷон бохтаанд. Шумори муолиҷашудагон 44 миллиону 961 ҳазору 955 нафар гуфта шудааст.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 63 миллион гузашт. Донишмандони Чин мегӯянд SARS-CoV-2 шояд соли 2019 аввал дар Ҳиндустон пайдо шуда бошад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 63 миллиону 073 ҳазору 287 нафар эълон кард. Ин созмон гуфт, ки то кунун дар саросари ҷаҳон аз КОВИД-19 1 миллиону 465 ҳазору 186 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 43 миллиону 546 ҳазору 388 нафар буда, имрӯз дар бемористонҳои олам 105 ҳазору 549 нафар ҳоли вазнин доранд.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 62 миллион мерасад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар олам ба 61 миллиону 988 ҳазору 655 нафар расидааст ва шабонраӯзи гузашта боз 207 ҳазору 924 нафар мироятшудаи нав сабт шудааст. Ин манбаъ теъдоди муолиҷашудагон аз коронавирус дар оламро 42 миллиону 789 ҳазору 210 ва фавтидагонро 1 миллиону 449 ҳазору 124 нафар эълон кард.

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 61 миллион ва дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт. Болотарин сатҳи марг дар Русия: 524 нафар дар як шабонарӯз

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам аз 61 миллион гузашт. Тибқи охирин хабари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ин лаҳзаҳо дар саросари олам 61 миллиону 331 ҳазору 706 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз  153 991 мубталои нав сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 438 ҳазору 096 нафар фавтидаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи...

Кореяи Шимолӣ хостааст воксани зидди коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Садриаъзами Олмон хостори бастани ҳама тафреҳгоҳҳои лижаронӣ шудааст

Кореяи Шимолӣ талош кардааст тарҳи таҳияшудаи воксан аз коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Дар ин бора хабаргузории News One истинодан ба суханони  вакили парламони Кореяи Ҷанубӣ Ха Дэ Гюн иттило додааст.

Хадамоти ҷосусии ин кишвар ба ин назар аст, ки Пхенян омода буд ба ширкатҳои дорусозии кишвари...

Страницы