Ҳаводиси олам

Сели харобкор дар ҷануби Ҳин 26 нафарро кушт. Ба эҳтимоли зиёд шумори ҳалокшудагон беш аз ин аст

Бар асари ҷорӣ шудани як сели харобкор дар ҷануби Ҳинд ҳаддиақал 26 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо кӯдакон буданд. Бориши боронҳои пуршиддат ва туғёни рӯдхонаҳо боис шудааст, ки деҳаҳои зиёде дар муҳосираи сел қарор гиранд. Шиддати сел ба ҳаддест, ки мақомҳои маҳаллӣ аз эҳтимоли афзои ҳалокшудагон ва гумшудагон хабар додаанд.

Сели азим дар Чин. Ярч чор корманди пулисро куштааст. Ҳудуди ду миллион саргардонанд

Давлати Чин аз саргардонии ҳудудан 2 миллион сокинонаш дар вилояти  Шонси дар шимоли ин кишвар бар асари сели азим хабар дод. Дар хабар омадааст, ки ин обхезӣ 76 ноҳия, шаҳрро фаро гирифт ва дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки наздик ба 190 ҳазор гектар замини кишт зери об шуда, бештар аз 17 ҳазор иншоот хароб шудааст.

Мақомот гуфтаанд, ки борони шадид...

Ривоятҳо, афсонаҳо ва ҳақиқати ҳолатҳои фавқулода

Яке аз достонҳои хеле маъруф, ки иртибот ба ҳолатҳои фавқулода дорад, ривоятҳо дар бораи қитъа ва ё ҷазирае дар уқёнуси Атлас аст, ки бори аввал муфассал файласуфи Юнони Бостон Афлотун нақл кардааст. Ҳудуди 350 сол қабл Афлотун дар рисолае бо номи «Тимей» (Timaeus) навишт: “12 ҳазор сол пеш аз ин ҷазирае будааст хеле бузург ва бо тамаддуни ситоишангез бо номи Атлантик...” Ва номи ин...

Ҳамлаи хукҳои ваҳшӣ ба ситораи поп Шакира дар Барселона

Ду хуки ваҳшӣ (гурози ёбоӣ) дар парки Барселона ба ситораи мусиқии поп Шакира ҳамла карданд ва сумкаи ӯро, ки дар дохилаш телефонашро гузошта буд, бо худ гирифтанд ва ба самти ҷангал фирор карданд. Баъдан муяссар шуд, ки сумкаи дастии овозхонро пайдо кунанд. 

Дар ин бора Шакира дар саҳифаи худ дар “Инстаграм” навишт.

ДОНИСТАНИҲО ДАР БОРАИ ТӮФОН. Бахши дуюм. Се тӯфони харобкори таърихи муосир

Тӯфони Катрин (анг. Hurricane Katrin) – яке аз бузургтарин фоҷеаҳо ва фалокатҳои табиӣ дар ИМА будааст. Ин тӯфон, ки дар соли 2005 рух дод, бахше аз каронаҳои амрикоии халиҷи Мексик аз Орлеани нав дар иёлоти Луизана то иёлоти Алабамаро фаро гирифт ва ба вайронӣ кашид.

29 августи соли 2005 ин тӯфон аз баҳр ба хушкӣ расид ва боиси марги...

Страницы