Ривоятҳо, афсонаҳо ва ҳақиқати ҳолатҳои фавқулода

Яке аз достонҳои хеле маъруф, ки иртибот ба ҳолатҳои фавқулода дорад, ривоятҳо дар бораи қитъа ва ё ҷазирае дар уқёнуси Атлас аст, ки бори аввал муфассал файласуфи Юнони Бостон Афлотун нақл кардааст. Ҳудуди 350 сол қабл Афлотун дар рисолае бо номи «Тимей» (Timaeus) навишт: “12 ҳазор сол пеш аз ин ҷазирае будааст хеле бузург ва бо тамаддуни ситоишангез бо номи Атлантик...” Ва номи ин қора – Атлантик бори аввал аз ҷониби Афлотун ба қалам омадааст ва хеле зуд ба забонҳо нишаст.

 Вай дар рисолаи дигар ба номи “Критий” (Critias) дар бораи ин қора шарҳи бештар дода ва аз тамаддуни он ситоиш кард. Аз ҷумла навиштааст: “Атлантиҳо бештар аз 20 миллион нафар буданд, ки дар ҷазира хушобу ҳаво ба вусъати 154 ҳазор километр мураббаъ зиндагӣ мекарданд. Дар ҷангалҳои анбӯҳи Атлантик намудҳои ҷонварони бузург ва кӯчак мезистанд ва шаҳрҳои ободи он бо сохтмонҳои азим ба шакли ҳарам дурахшиши нур буду мармар...”

Афлотун

Афлотун дар китобҳои худ навишт, ки ба ҳакими Юнон Солон  (Солон –давлатмард, қонунгузор ва шоир буд. Ӯро яке аз ҳафт ҳакими Юнони Бостон медонанд. Ӯ миёни солҳои 640-635 дар Афина ба дунё омада наздик ба соли 559 дар ҳамин шаҳр вафот ёфтааст) дар бораи Атлантида замоне шунидааст, ки дар Миср ба сифати коҳин хидмат мекард. Баъди бозгашт Солон ин ҳикоятро ба яке аз хешовандонаш бо номи Дропид нақл кардааст. Баъдан Дропид онро ба писараш Критёс (анг. Critias – яке аз нависандагон ва чеҳраҳои сиёсии Юнон буд) ҳикоят кардааст. Ва дар навбати худ Критёс ин ривоятро ба Суқроти ҳаким ва атрофиёни вай гуфтааст.  

Мутобиқи гузориши Афлотун ба ин сарзамин Атлас ҳукумат меронд, ки мардум ӯро сутуни осмон медонистанд ва дар маркази ҷазира ба бузургдошти Атлас маъбади бошукӯҳе сохта буданд, ки деворҳои азим дошт. «Дарҳои он аз сангҳо ва филизи қимате сохта шуда буданд ва он зери тобиши нури Хуршед чун алмос медурахшид”.

Афлотун дар идома менависад, ки “муқаддастарин ҳайвон дар назди мардумони Атласнишин гови нар буд, ки  мазҳари қудрат башумор мерафт ва ба унвони бартарин ҳадя  ба пешгоҳи Атлас бо маросиме шукӯҳманд дар баробари маъбади бузург қурбонӣ мекарданд. Дар ин қора шаҳрҳо ба ҳадде зебову дилнишин сохта шуда буданд, ки каналҳои об чун рагҳо дар бадан ба ҳар сӯ ҷорӣ буданд, мазрааҳо ва боғҳоро сероб мекарданд. Асос фарҳангу тамаддуни ин мардумони саодатманд, бародариву сифатҳои олии инсонӣ буд. Аммо чун қудрати ишон рӯзафзун шуд, батариҷ шурӯъ ба дастдарозӣ  ба дигар сарзаминҳо карданд. Афлотун мегӯяд: рӯҳияи кумаку имдод дар онҳо аз миён рафт, онҳо эътимод ва имони худро аз даст дода буданд. Онҳо бо сипоҳиёни бешумор қасди истилои сарзаминҳои Шарқро доштанд.

Аммо Зевс (Зевс – исми як худо дар асотири Юнони Бостон) тӯфоне бар онҳо нозил кард. Муҷозоте, ки ба ҳеч ваҷҳ қобили тасаввур набуд. Афлотун дар ин бора навишт: "Тӯфон сабаби заминларза ва селҳои бузурге шуд, ки ба муддати як шабонарӯз ба шиддат идома дошт. Дарё ҷазираи Атлантикро ба қаъри худ фурӯ бурд  ва нопадид гашт”. Афлотун шак дошт, ки ҳаргиз нишонае аз ин сарзамини гумшуда ба даст ояд. Ӯ навишт: “Уқёнус дар он  нуқта ба маконе ғайри қобили убур ва ҷустуҷӯ табдил шудааст”.

Таваҷҷуҳи инсон ба Атлантида хеле зиёд буд, аммо ҳеч посухи илмие ба мавҷудияти як чунин қора бо тасвире, ки Афлотун ва дигар муаллифон кардаанд, вуҷуд надошт. Дар тӯли таърих дар ин бора садҳо мақолаҳо ва китобҳо навишта шуданд, фарзияҳои зиёде баён гаштанд, вале ин ҳама аз доираи тасвирҳои хаёлӣ берун нарафт. Одамон ҳатто имрӯз ҳам Атлантидаи тасвиркардаи Афлотунро меҷӯянд ва ҳоло ҳам ба умеданд, ки он тамаддуни зери обшуда рӯзе пайдо мешавад.  Аммо то кунун ин асрор нокушода мондааст.

 

Ва ду ривояти дигар

Бобили гумшуда

Бино ба маълумоте, ки дар «Аҳди атиқ»-и Китоби муқаддас омадааст, Худованд шаҳрҳои Содом ва Гоморро барои гуноҳони сокинонаш, ки ҳамагӣ ба майзада шудаву даст ба фасоди ахлоқӣ зада буданд, нобуд сохт. Бино ба оёти ин китоб Офаридгор бо фиристодани борони шадид ва тӯфони хатарзо ҷони бошандагони ин ду шаҳри фосидшударо гирифт. Дар ҷойи ин ду шаҳр баҳри оби шӯр пайдо шуд, ки онро Мурда номиданд.

Дар бораи ҳалокати Содом ва Гоморра ҳамчунин муаллифони Аврупои даврони қадим Юсуф Филови ва Публий Корнелий Татсит низ навиштаанд. Ин ба он маъно буда метавонад, ки ривояти шаҳрҳои Содом ва Гоморра метавонад дар гузаштаи хеле дур дар соҳилҳои Баҳри Мурда (кӯли шӯри баста миёни Исроил ва Урдун) иттифоқ уфтода бошад. Дар ин минтақа чашмаҳои зиёди нефту газ мавҷуданд, ки дар сурати инфиҷори онҳо метавонад фоҷеаи тасвиршуда дар Китоби Муқаддас такрор шавад. Ва чуноне ишора шуд, ҳамчунин сабаби ҳалокати ду шаҳри ёдшуда метавонад заминларза, вулқон ва ё обхезӣ ҳам бошад.

Бурҷи Бобил.

Дар Китоби Муқаддас дар мавриди Бобил (шаҳри бостонӣ дар шимоли Байнаннаҳрайн) омадааст, ки бурҷи Бобил баъди Тӯфони Бузург сохта шуд. Одамон ба қароре омаданд, ки шаҳр ва манори онро то ба фалак баланд созанд. Ин нияту ин қасд ба Худованд писанд наёмад, бурҷ ва худи Бобилро хароб намуд ва бисёре аз раҳгумзадагони роҳи Ҳақро зери шикастапораҳо нобуд сохт.

Бино ба гуфтаи олимону донишмандон 18 миллиард сол пеш аввалин бузургтарин фоҷеаи табиӣ рух дод, ки бо номи «Инфиҷори бузург» ёд мешавад. Ва маҳз он сабаби пайдоиши Коинот шуд. Аммо то ба имрӯз ҳеч мадраки дақиқтаре дар бораи он рӯйдод вуҷуд надорад. Бо сабабҳои номаълум он чӣ вуҷуд дошт, аввал васеъ шуд ва баъди он таркид. 

 

Воқеъияти ҳаводиси фавқулода

То ин ҷо аз чанд ривояте ҳикоят кардем, ки далели илмӣ надоранд, яъне то ба ҳол илм исбот накардааст, шаҳре ё қитъае бо номи Атлантик дар асл вуҷуд дошт ва ё на. Ҳамчунин дар мавриди ҳодисаҳои Бобил ва ғайра низ. Аммо дар асл ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ воқеъиятанд, ки наметавон аз онҳо чашм пӯшид. Садсолаҳо сокинони Сайёраи мо аз заминларза, тӯфонҳо, селҳои харобкор, фаврони оташфишонҳо, садамаҳои мудҳиши киштиҳову ҳавопаймоҳо, қаторҳо, мошинҳо ва ғайра ранҷ мебаранд.

Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисоди ҷаҳон миллиардҳо доллар зарар мерасонанд, садҳову ҳазорҳо нафар бар асари ҳодисаҳои табииву техногенӣ ба ҳалокат мерасанд. Миллионҳо нафар бехонаву ҷо мешаванд, шаҳрҳо ва деҳаҳо, заминҳои кишт ва ғайра ба коми ин офатҳо мераванд.

Хушбахтона, даҳсолаҳои ахир ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо офатҳои табиӣ барномаҳои дастаҷамъиеро тарроҳӣ ва амалӣ мекунад, ки хатари офатҳо ва зарари онҳоро коҳиш додааст. Давлатҳо низ барномаҳои бузургеро ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандонашон рӯи даст гирифтаву амалӣ мекунанд. Яъне муборизаи дастаҷамъӣ то ҷойе ба мушкили амниятии кишвраҳо расидагӣ мекунад. Вале хавфи офатҳо ҳамоно боқӣ мемонанд ва ҳамасола дар баҳору тобистону зимистон ба ҷони инсонҳо таҳдид мекунанд ва қитъаҳоро хароб месозанд.

Барои насли башар бемориҳои гузарандае, ки ба тавриҳам агир паҳн мешуданд, хатари бузурге буданд. Инсоният дар тӯли таърих аз тоуну вабову табларза, сил, нағзак ва чандин намуди бемориҳои дигар азият кашидаву бар асари ин касалиҳо миллионҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Пандемия ва эпидемияҳо шаҳрҳо ва кишварҳоро пурра фаро мегирифтанд. Масалан, танҳо аз тоун дар соли 1380 дар Аврупо 25 миллион, аз обила дар соли 1967 дар олам 2 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз грипп (зуком) танҳо солҳои 1918-1919 21 миллион нафар сокинони Сайёра фавтиданд. СПИД, ки «вобои асри 20» унвон гирифта буд, ҳамасола ҷони ҳазорон гирифторашро мегирад.

Ҳамагириҳо барои насли имрӯз дигар бегона нестанд. Охирин бемории ҳамагир, ки аз сари башар гузашту мегузарад, КОВИД-19 мебошад, ки дар олам беш аз 5 миллион нафарро кушт ва …миллиони дигарро олуда кард.

Ҳар сол дар ҷаҳон бештар аз 150 миллион нафар зода мешаванд ва 12 миллиони онҳо ҳатто ба синни 14 нарасида мефавтанд ва иллати он сироят ба бемориҳои уфунӣ мебошад.

Ва ин мисолҳо зиёданд.

 

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:

барчасп: