Ҳаводиси олам

Фаввораи вулқони Ла-Суфлиев ба ҳаёти беш аз 100 ҳазор нафар таҳдид мекунад (ВИДЕО)

Ҷазираи Сент-Винсент, воқеъ дар Кариб бонги изтироб мезанад. Аз ҷаҳиши фаввораи пуршиддати оташфишони Ла-Суфлиев бояд фавран беш аз 100 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои ба он наздик ба маконҳои амн интиқол ёбанд. То ин лаҳзаҳо мақомот ба сокинон фармон додаанд, ки фавран аз макони хатар берун шаванд.
Фаввораи нави оташ гудозаҳои доғро то ҳудуди 6 километр

Қатори аз хат хориҷшуда дар Тайван 41 кушта бо ҷой гузошт (ВИДЕО)

Як қатор дар Тайван аз хати ҳаракати худ хориҷ шудаву дар ин ҳодиса ҳаддиақал 41 нафар кушта шудаанд ва шумори захмиён беш аз 60 нафар эълон шудааст. қатор бо 490 мусофир дар як нақб дар ҳоли ҳаракат буд. Хабаргузории Рейтер навиштааст, ки ин бузургтарин ҳодисаи маргбори қатор дар Тайван дар ин 40 соли охир мебошад.

Садамаи киштиҳо дар моҳи апрел

Садама ва ё ғарқи об шудани киштиҳо аз ҷумлаи пурфоҷеатарин рӯйдодҳои оламанд. Киштиҳо маъмулан миёни баҳру уқёнусҳо бар асари тӯфонҳои азиму печида ва ё ҳаводиси дигари табиӣ ба қаъри об мераванд. Дар аксар мавридҳо шумори азими мусофирону ҳайати хадама наҷот намеёбанд. Ҳолатҳое ҳам зиёданд, ки ҳатто намешавад ҷасадҳоро пайдо ва берун овард. Моҳи апрел дар тӯли таърихи башар киштиҳои зиёдеро медонад...

Дар таркиши газ пирамарде ҳалок шуд, ки таҳдид мекард хонаро ба хок яксон мекунад

Ин ҳодиса рӯзи душанбе дар шаҳри Зеленодолски Тотористон рух дод. Бар асари инфиҷори газ ҳафт манзили истиқоматӣ дар ошёнаи ҳафтум ва ҳаштуми бино хароб шуд. Пирамарди 87-солае низ кушта шуд, ки хешовандонаш талош мекарданд зудтар ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ баранд.

Субҳи имрӯз корҳои наҷот ба анҷом расиданд.

Сарватмандтарин марди Ҷумҳурии Чех дар суқути чархбол дар Аляска ба ҳалокат расид | Видео

Дар садамаи маргбори чархбол дар Аляска сарватмандтарин шахси Ҷумҳурии Чех, соҳибкори маъруф Петр Келлнер ба ҳалокат расид. Ӯ соҳиби бонки “Ҳоум Кредит” аст, ки дар Русия фаъолият мекунад. Пештар шабакаи мағозаҳои машҳури фурӯши техникаи маишии “Элдорадо” мутааллиқ ба вай буд.  Ахиран маҷаллаи Forbes сармояи ӯро 17,5 миллиард доллар эълон карда буд. Чархболи  Airbus AS350 B3

Страницы