Таркиш ва сӯхтори як бемористон дар шаҳри Бағдод 27 кушта ба ҷо гузошт ва даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кард (ВИДЕО)

Дар  сӯхтори як бемористон дар шаҳри Бағдод, пойтахти давлати Ироқ ҳаддиақал 23 нафар беморони гирифтори КОВИД-19 ҷон бохтанд ва даҳҳо тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳои дигар интиқол дода шуданд. Ин сӯхтор бар асари таркиши як баллони оксиген рух додааст ва Рейтер истинодан ба маъмурони бемористон гуфт, ки инфиҷор нишишабӣ ва ногаҳонӣ сар зад ва як бахши беморхонаро, ки беморони гирифор ба КОВИД-19 бистарӣ буданд, фаро гирифт. Хабаргузориҳои давлатӣ шуморӣ маҷруҳонро 46 нафар эълон кардаанд, вале оморӣ расмиву дақиқ и нтишор нашудааст.

Тасвирҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки маъмурони оташнишонӣ барои хомӯш кардани забонаи оташ талош доранд.

Нахуствазири Ироқ Мустафо Козимӣ инро “ҳодисаи дилхарош” номид ва хостори таҳқиқи фаврӣ ва ҳамаҷонибаи таркиш ва сӯхтор дар ин бемористон шуд. Бино ба гузориши ҳукумати Ироқ дар Твиттер аллакай муфаттишон маъмурон ва кормандону масъулони амниятии беморхонаро барои пурсиш даъват кардаанд.

Генерал Козим Буҳон- сарпарасти созмони дифоъи ғайринизомӣ дар расонаҳои давлатӣ  гуфтааст, ки оташсӯзӣ дар бахши  нигоҳубини вижаи бемористон дар табақае, ки шуъбаи эҳё дар он ҷойгир аст рӯй дод.

Ироқ дар минтақа аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба КОВИД-19 мушкил дорад. Омори гирифторӣ ба вируси корона дар Ироқ аз моҳи феврали соли равон ба шиддат дар ҳоли афзоиш буда,  вазорати тандурустии ин кишвар 1 миллиону  25 ҳазору 217 мубтало ва  15 ҳазору 217 мавриди маргро аз замони ҳамагирӣ сабт кардааст.

Дар Ироқ амалиёти эмкунӣ моҳе пеш оғоз шудаву то кунун 650 ҳазор доза аз тариқи барномаи ҷаҳонии тавзеъи воксан дарёфт шудааст.   

Аксҳо аз ВВС