Ҳаводиси олам

Теъдоди зарардидагон дар садамаи ҳавопаймо дар Сочӣ ба 18 нафар расид

Шумори зарардидагон бар асари оташсӯзӣ дар ҳавопаймои  Boeing 737 баъди нишасти изтирорӣ ба 18 нафар расид, ки 3 нафари онҳо бачаҳо мебошанд. Вазорати тандурустии Русия шоми гузашта теъдоди зарардидагонро шаш нафар эълон карда буд ва гуфта мешуд, ки чор тани онҳо ба бемористон муроҷиат кардаанд. Тибқи маълумоти расмӣ дар ин ҳодиса касе ҷон набохтааст,

Шумори ҳалокшудагони заминларзаи Индонезия ба 347 нафар расид

Бар асари заминларзаи шадид дар ҷазираи Ломбоки Индонезия 347 нафар ба ҳалокат расиданд. Корҳои наҷоти зиндамондагон дар вайронаҳо идома доранд. Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар ин заминларза ҳудудан 100 нафар ҷон бохтанд.

Рӯзи 8 августи соли равон Агентии милии бартарафсозии офатҳои табии Индонезия дар бораи ҳалокати 131 нафар

Дар заминларзаи Индонезия қариб сад нафар ҷони худро аз даст доданд

Дар ҷазираи Ломбоки Индонезия заминларзаи шадид қариб 100 нафарро ба ҳалокат расонд ва бештар аз 230 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд. Аммо баъдан қувваи заминларза дар баъзе минтақа 7 балл эълон шуд. Бино ба гузориши “Интерфакс” қувваи заминларза дар маркази он 5,5 балл эълон шудааст ва мақомот гуфтаанд, ки ин ларзиши замин хеле шадид ва сахт буд.

Дар суқути чархбол дар Красноярск 18 нафар ҷон бохтанд

Бар асари сарнагун шудани чархболи Ми-8 дар ноҳияи Трухани кишвари Красноярски Русия 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ахиран РИА Новости  хабар дод. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки дар ин чархбол се узви экипаж ва 15 нафар кормандони чашмаи нафтиӣ  савор буданд. Бо моддаи нақзи қоидаҳои бехатарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, ки чархбол дар ҷойи беодам сарнагун

Дар Қирғизистон амалиёти наҷоти кӯҳнавардони русу қазоқ идома дорад

Дар кӯҳҳои Қирғизистон амалиёти наҷоти кӯҳнавардони русу қазоқ, ки дар пиряхи ба номи Скрябина зери сангрезиш мондаанд, идома дорад. Элмира Шерипова-сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта ва чанд тани дигар зарар дидаанд.

Рӯзи душанбе Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ хабар

Страницы