Дар суқути чархбол дар Красноярск 18 нафар ҷон бохтанд

Бар асари сарнагун шудани чархболи Ми-8 дар ноҳияи Трухани кишвари Красноярски Русия 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ахиран РИА Новости  хабар дод. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки дар ин чархбол се узви экипаж ва 15 нафар кормандони чашмаи нафтиӣ  савор буданд. Бо моддаи нақзи қоидаҳои бехатарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Гуфта мешавад, ки чархбол дар ҷойи беодам сарнагун шудааст. Ҳар чаҳор “қуттии сиёҳи” он ёфт шудаанд ва ҳоло мутахассисон ба омӯзиши ҳолати чархбол то ва замони парвоз оғоз кардаанд.

Ҳамсӯҳбати РИА Новости гуфтааст, ки ин чархбол дар ҳаво пора шудааст ва пеш аз суқут ҳамагӣ ду км парвоз кардааст. Дар баробари ба замин задан ду баки сӯзишвории он таркидааст.

Тибқи хабари дигаре, ки НТВ пахш кард, сабаби суқути чархбол бархӯрди он бо чархболи дигаре будааст, ки дар ҳамин хат парвоз мекардааст. Сарнишинони чархболи дуюм зарар надидаанд.

Сомонаи хадамоти минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия навиштааст, ки ҳодиса дар наздикии ноҳияи Игарка рух додааст.

Сабаби ин садама шояд ноҷӯрии техникӣ ва ё иштибоҳи халабон бошад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки  кормандони ширкати “Ванкор” савори чархбол буданд. Аммо баъдтар эълон шуд, ки чархбол мутааллиқ ба ширкати Utair буд.

Прокуратураи нақлиёти Русия ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Ҷузъиёти аз ин бештар хабар дода нашудааст.

барчасп: