Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023
Чоп шуд: 31/12/2022 | redaktorҲамватанони азиз!
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.