Бо Пешво

Пешвои миллат аз ЮНЕСКО хостанд ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хостори мусоидати ЮНЕСКО дар пажӯҳиши пиряхҳо дар осиёи Марказӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи гузашта дар  40 – умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар Порис суханронӣ мекарданд, аз коҳиши теъдоди пиряхҳо дар олам изҳори нигаронӣ

Иштироки Пешвои миллат дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.

Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

Донишмандони муҳтарам! Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.

Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, бо мазмуни баланди башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст.

Барқияи тасаллиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷопон Синдзё Абэ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари дар кишвари дӯсти Япония сар задани тӯфони “Хагибис”, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар шаҳрвандон ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард.

Страницы