Бо Пешво

Мулоқоти пешвои миллат бо бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе

Субҳи рӯзи 27-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» дар шаҳри Душанбе

Устодону хонандагони азиз!
Меҳмонони арҷманд!

Чунонки сокинони пойтахт дар хотир доранд, моҳи апрели соли 2017 мо дар шаҳри Душанбе санги асоси Муассисаи ғайридавлатии таҳсилоти умумии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»-ро гузошта будем.
Инак, баъди якуним сол бунёди муассисаи таълимӣ ба анҷом

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ ва дорусозӣ дар ноҳияи Ёвон

Муҳтарам омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз мехоҳам тамоми сокинони шуҳратманду заҳматпешаи ноҳияи Ёвон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи сарбаландии халқи тоҷик мебошад,

Страницы