Ифротгароӣ

Шикасти пурраи платформаи сиёсиву идеологии ҲНИ чун натиҷаи шӯҳратпарастии фавқулодаи роҳбари он

Тавре мусаллам аст, 9 сентябри соли 2018 дар Варшава як қисми муайяни мухолифини ифротгарои тоҷик дар хориҷи кишвар эъломияро дар бораи ташкили иттиҳоди муштарак – Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) имзо карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст, роҳбари ин паймон интихоб карда шуд.

Баҳси экстремизм ва терроризм дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии густариши ғояҳои зкстремизм  ва терроризм дар миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар ин чорабиниҳо кормандони КҲФ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, намояндагони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва расму маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.

Владимир Воронков: «Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсафи мубориза зидди терроризм дар минтақа ва ҷаҳон аст"

16 майи соли 2019  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» бо  муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот анҷом доданд.

Интернет ва ҷонканиҳои ташкилотҳои террористӣ

Моҳи гузашта аз саҳифаҳои расонаҳои электронӣ иддае аз ғаразандешагон пиромуни боло рафтани нархи коргирӣ аз интернет сарусадоҳое пахш карда, ба истилоҳ «пироҳани усмонӣ» бардоштанд (ибораи «пироҳани усмонӣ» ишора ба саргузашти Усмони саҳоба дорад, ки бар асари хилофатро соҳиб шудан, аз тарафи мухолифон кушта мешавад ва ҳамсафонаш пироҳани хунолуди ӯро сари найза бардошта, ба ҷанги ҳамдигаркушии мусалмонон даъват мекунанд).

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

БОСМАЧИ

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад. Баргашт ба мавзӯи босмачигарӣ замонавӣ ва дархӯри аҳамият мебошад ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири  Раҳим кори хуберо анҷом додааст

Страницы