Ифротгароӣ

ҲНИ. ҲИЗБЕ БО АФКОРУ АЪМОЛИ АҲРИМАНӢ

ТТЭ ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст. Ҳамеша ё бо роҳи террори ақидатӣ ё аз роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафи хеш кӯшиш намудааст. Омилу сабабгори  асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин навъ идеологияи ҷангӣ ва террористии ТТЭ  ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

АҚЛИ БЕГОНА МАҒЗҲОИ ТИҲИИ НАҲЗАТИЁНРО БА БОЗӢ МЕКАШАД

Бесаводию гумроҳии аъзои ТТЭ ҲНИ роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ дошта, мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб аст. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст

ТЕРРОРИЗМ. НИГОҲЕ БА ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ ИН ЗУҲУРОТИ ОЯНДАСӮЗ

“Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.

 Эмомалӣ РАҲМОН

ИФРОТГАРОӢ ВА ИФРОТИҲО

Дар яке аз сомонаҳои ифротии мансуб ба Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ матлабе чоп шудааст, ки муаллифи он чанд таърифи ифротгароӣ ва ифротиро ба таври худ матраҳ карда, дар зер туҳматҳои беасосеро нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон овардааст. Амали манфуру хандаовари муаллиф шаҳодати он аст, ки наҳзатиҳои худбохта  дигар ягон нангу виҷдон надоранд ва барои манфиати

Ифротгарои ва терроризм-зухуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби

Страницы