КҲФ ва шарикони байналмилалии рушд ба офатзадагон кумак расонданд
Чоп шуд: 03/05/2024 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии рушд, аз қабили Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон/Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар, ки бар асари омадани селҳо зарар диданд, кумак расонд.