Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ)
Чоп шуд: 27/01/2024 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии мамлакат рӯзҳои 26-29 январи соли 2024 боридани барфу борон, вазиши боди шадид дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма ва туман...
Ҳудуди 30 нафар мактаббачагон аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии омӯзиши амиқи фанҳои алоҳидаи шаҳри Бохтар ба номи М.В. Ломоносов аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан карданд.
Онҳо бо наҷотдиҳандагон, навбатдорон ва мутахассисони Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ сӯҳбат карда, бо вижагиҳои кормандони бахш шинос шуданд.
Кормандони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабонарӯзи гузашта як дари бастаро боз карданд ва аз як таҳхонаи оби ҷамъшударо берун кашиданд.
Соати 22:29 дақиқаи рӯзи гузашта ба Қисми навбатдории Кумита аз як бону, сокини кӯчаи Бухоро, хонаи 50 занг зад, ки...
Дар Маркази таълимию методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо омӯзгорони синфҳои 2-юми муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин машғулиятхо 23 нафар муаллимон иштирок карданд.