Ахбори рӯз

Гурӯҳи корӣ дар маҳалҳои офатрасидаи шаҳру ноҳияҳо

28 августи соли 2023 бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ таҳти сарвари муовини Сарвазири кишвар, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии беҳдошти...

Заминларза дар Тоҷикистон

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки  28 августи соли 2023 соати 09:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Бино ба маълумоти манбаъ маркази заминларза 243 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон буд.

Хатари омадани селҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари омадни селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ боқӣ мемонад.

Ҳалокати 13 нафар дар селҳои рӯзи гузашта. Хабари расмӣ аз офатҳои табиии дирӯз

27 августи соли 2023 соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат  бар асари ин офати табиӣ 11 нафар (3 нафар зан ва 8 нафар мардон) ҷони худро аз даст доданд. Ба ду нафар имкон даст дод, ки ҷони худро аз мошини ғарқшуд наҷот диҳанд. Дараи ҷамоати Роҳатӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонд ва мутаассифона 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

КҲФ: Хатари омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боридани боронҳои шадид ва хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Страницы