Имдодгарон як зани гирифтори бемории рӯҳиро аз кӯҳе поин оварданд, ки худ наметавонист поин ояд
Чоп шуд: 26/05/2023 | redaktor
25 майи соли 2023 ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сокинони деҳаи Саро, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт занг заданд ва хоҳиш карданд, ки барои аз кӯҳ поин овардани як сокини деҳа, ки имкони мустақилона фаромадан надорад, ёрӣ расонанд.