Ахбори рӯз

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазъи ҳаво дар ду рӯзи оянда

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 9  марти соли 2021 бинобар баланд шудани дамои ҳаво ва боришоти эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, резиши санг, инчунин эҳтимоли омадани сел дар ноҳияҳои наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вуҷуд дорад. 

COVID-19: Даҳҳо кишвари олам дар доираи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан шуданд

Даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби воксан зидди коронавирус шуданд. Аз ҷумла, чанд кишвари африқоӣ: Нигерия, Судон, Гана, Руандо, Ангола, Лесото, кишварҳои осиёӣ: Ҳиндустон, Комбоҷа аз ин зумраанд.  Кишварҳои фақире чун Молдова ва Колумбия низ ба ин воксан дастёбӣ пайдо карданд. Қарор аст тибқи ҳамин барнома ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби воксан шаванд.

Ширкати намояндагони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар ҷаласаҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ

1 марти соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаҳои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда  оғоз гардид. Мутахассисон ва намояндагони Раёсати КҲФ дар ҷаласаҳои шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷ.Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ва Муъминобод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда...

Се тифли паси дари бастамонда ба модарашон беосеб супурда шуданд

Субҳи имрӯз, 5-март дақиқан соати 07:18 як сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.

Баъди дарёфти хабар  соати 07:20 дақиқа...

Мулоқот бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 марти соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита  генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ LEICA (Law Enforcement in Central Asia(Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ) баргузор шуд.

Страницы