Ахбори рӯз

Пирӯзии як тоҷикистонӣ дар мусобиқоти варзишии пуровоза

Курсанти соли дуюми Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарабеки С. дар Чемпионати ҷаҳонии «World AGML championship 2020» ва Чемпионати Умумиросиягии Иттиҳоди ММА ширкат ва ҷойи якумро соҳиб шуд.

Аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои

Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони арҷманд!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бо фарорасии соли 2021 муборакбод мегӯяд! Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад! Саломатӣ, меҳрубонӣ, шукуфоӣ насиби шумо ва наздиконатон!

Шодиҳои соли сипаришаванда дар Соли нави дома хоҳанд кард ва заминаи хуби амалҳои нав, дастовардҳо ва пирӯзиҳои ҷолиб хоҳанд гашт. 

Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар остонаи Соли нав

30 декабри соли 2020 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кормандони КҲФ ва дар арафаи Соли нав бо ташаббуси роҳбарият ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти хӯроквории хоҷагии ёрирасони «Наҷот» -и Кумита ба фурӯш гузошта шуданд.

Ҷамъомади омӯзиши-методӣ дар КҲФ

Дар ҳудуди яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи Қаратоғ, машғулиятҳои дурӯза бо ҷалби фармондеҳон ва муовинони фармондеҳон оид ба масъалаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбии Кумита баргузор шуданд.

Туҳфаҳои солинавии Сарвари давлат ба хизматчиёни ҳарбии КҲФ расиданд

Дар арафаи иди Соли нав бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳамаи сарбозон ва афсарони қисмҳо ва созмонҳои низомӣ, курсантони муассисаҳои таълимии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозон ва афсароне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ ҳалок шудаанд, аз номи Сарвари давлат тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда...

Страницы