Ахбори рӯз

Ду ғарқшуда дар Роштқалъа: Яке ҳамагӣ 12 сол дошт

Ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд. Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд, ки яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст ва бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст. Сабаби марги

Ҷасади як ҷавон дар Кӯли Ҷавонон пайдо шуд

Субҳи рӯзи 4 июли соли равон навбатдори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лейтенанти калон Эмомов  Ғанимат ба навбатдори оперативии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе дар бораи пайдо шудани як ҷасади шахсияташ номаълум дар Кӯли Ҷавонон хабар дод. Мавсуф

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили кӯлу дарёҳо

Яке аз вазифаҳои муҳим дар мавсими истироҳатҳои тобистона роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳо, обанбору кӯлҳои кишвар аст, ки тибқи нақшаи корӣ пайваста амалӣ мешавад. Ҳадаф ёдрас кардани қоидаҳои бехатариву риояи онҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар кишвар аст. Ҳамасола дар мавсими оббозӣ дар обҳои мамлакат даҳҳо тан ғарқ мешаванд

Садамаи марговар дар Сангеви ноҳияи Қалъаи Хумб

Ронандаи 36-солаи мошини “Дулан”, ки ба умқи чиҳилметраи дарёи Панҷ бо мошин сарозер шудааст, ба ҳалокат расидааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест. Ин ҳодиса шабона рух додааст ва эҳтимолан ронандаро дар роҳ хоб бурдааст ё ҳодисаи дигаре пеш омадааст. Ҷасади ӯ субҳи имрӯз пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд. 

Ҳалокати модар ва ду тифлаш дар сӯхтори деҳаи Баҳори Панҷекат

Як сӯхтори азим дар манзили сокини деҳаи Баҳор, ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷекат се узви як оиларо ба ҳалокат расонд. Ин сӯхтор рӯзи 2-уми июли соли равон, шабона, тахминан соати 23:18 дақиқ сар зад ва се нафарро ба коми худ кашид. Соҳиби хона ба шуъбаи эҳёи бемористони шаҳрӣ бистарӣ шуд. Духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.

Страницы