Ахбори рӯз

Таҷлили Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

7 –уми марти соли 2019 дар остонаи ҷашни Рӯзи Модар – 8 март дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Кумита  генерал-лейтенант  Р.Назарзода бонувонро ба муносибати ин ид муборакбод намуд. «Дар остонаи ид мехоҳам шумо, бонувони муҳтарамро ба Рӯзи  Модар муборакбод намоям.

Хадамоти зидди жола 55-сола шуд

6 – уми марти соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 55-умин солгарди таъсиси Хадамоти зидди жола  ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён доир шуд. Генерал-майор Рустам Шоҳиён кормандони ин хадамотро ба муносибати рӯзи таъсис шодбош гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки мавқеъи ҷуғрофӣ ва шароити иқлимии кишвари мо онро ба яке аз минтақаҳои жоларез ва осебпазир аз ин офати табиӣ қарор додааст. 

Боздиди кормандони Раёсати Кумита дар Суғд аз осорхонаи вилоятӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз осорхонаи таърихии вилоят дидан кардан ва бо ёдгориҳои таърихи замону давраҳои гуогуни таърих ошно шуданд. Ҳамкорамон Шоҳзодахон Бутаева дар гузорише, ки ахиран ирсол кардааст, мегӯяд ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, дар зеҳни ҳайати

Сабти 48 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар зарфи як шабонарӯзи гузашта

Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат боқӣ мондааст. Зарфи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рушон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ  44 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бошанд шоҳиди чор ҳодисаи лағзиши тарма шуданд.

Озмуни «Чакомаи гесу» дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ба муносибати соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зери парчами озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” намоиши ҳунарии кормандони Раёсатҳои КҲФ баргузор шуд. Ғайр аз ин дар ҳар Раёсат намудҳои гуногуни либоси миллии занона, аз ҷумла пироҳанҳо ва тоқиҳои бонувон, зарфҳои гуногунранг, матоъҳои миллӣ ва маҳсулоти дигар ба намоиш гузошта шуданд.  

Страницы