Ахбори рӯз

Инфиҷори хати интиқоли об дар шаҳри Душанбе

Шоми гузашта, 24-уми апрел тахминан соати 20:57  дар наздики хонаҳои кӯчаи Айнӣ 50/51 ва Аҳмади Дониш 19 шаҳри Душанбе қубури интиқоли об ба сокинони маҳал таркид.  Барои бартарф кардани оқибати ин рӯйдоди нохӯш ба ҷойи ҳодиса кормандони идораи обу корези шаҳри Душанбе, “Барқи тоҷик” ва наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати шаҳри Душанбе расиданд.

Ҳалокати ронандаи 40-солаи “Тайота прадо” дар роҳи сафар ба Хуҷанд

Дар як шабонарӯз боронҳои шадид чандин фоҷеа оварданд. Ронандаи чиҳилсолае, ки аз Душанбе ба Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, бар асари резиши санг ҷон бохт. Дар Файзобод сели азим ду нафарро, ки саргарми чаронидани чорво буданд, ба коми худ кашид. Дар манотиқи гуногуни мамлакат ҳудудан 6 ҳазор сокинон аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонида шуданд. Резиши санг муддате роҳҳоро масдуд кард, вале ҳоло ин роҳҳо поккорӣ шудаву ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошад.

Мулоқоти генерал Назарзода ва Ҷон Марк Поммершайм дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 уми апрели соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори тозатаъини ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ҷаноби Сафирро ба муносибати ин таъиноташ муборакбод намуд. Баъдан ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассалеро дар бораи Кумита, сохторҳои он, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ироа кард. 

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи гурӯҳи таҳлилгарони Платформаи миллӣ баргузор шуд

Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23-уми апрели соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи таҳлилграони доимамалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.  Ин ҷаласа таҳти раҳбарии сардори Раёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷ.Камолов доир гардид.

Таъмини амнияти сайёҳони хориҷӣ дар мулоқот бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд

Дар  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  семинар оид ба бехатарии аҳолии вилоят ва меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ бо мақсади танзими фаъолиятҳои сайёҳӣ, мусоидат ва ҳамоҳангсозӣ дар самти таъмини бехатарии сайёҳон гузаронида шуд. Дар вохурӣ бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти

Страницы