Раёсати КҲФ дар Хатлон се моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд
Чоп шуд: 02/04/2019 | adminДар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Хатлон таҳти раёсати ҷонишини Раиси КҲФ полковник М. Салимзода натиҷаи корҳои воҳидҳои сохтории КҲФ дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид.
Зимни суханронии худ Ҷонишини Раиси КҲФ як қатор тамоилҳои калидӣ дар фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботиро қайд кард ва таваҷҷуҳро ба рӯйдодҳои пешмеомада ҷалб намуд.





