Хатари як дарахти шикаста дар як бино чорошёна бартараф шуд
Чоп шуд: 23/10/2024 | admin
22 октябри соли 2024 соати 19:16 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки бар асари шамоли сахт як қисми сафедори азими хушк шикаста ва дар девори бинои 4-ошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе овезон шудааст. Барои рафъи вазъи мавҷуда соати 19:18 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ва кормандони хадамоти роҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.