Кумита огоҳ мекунад
Чоп шуд: 01/05/2018 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар шабонарузи охир дар ҷумҳурӣ тағйирёбии обу ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар бисёр минтақаҳо боришоти борон, сел, дар ноҳияҳои баландкуҳ бошад, барф меборад. Хатари осеб дидан аз раъду барқ, омадани сел ва сангрезиш хеле баланд мегардад.