январи 2021

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 86 миллион гузашт. Борис Ҷонсон карантини миллӣ дар Британияи Кабирро эълон кард

Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 86 миллиону 105 ҳазору 851 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 232 704 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз КОВИД-19 дар саросари олам 1 миллион 860 ҳазору 540 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ аз муолиҷаи пурраи 61 миллиону 057 ҳазору 700 нафар хабар дод. Аммо гуфта  мешавад, ки ба...

Covid-19: Амрико боз ҳам ба ин назар аст, ки ин вирус аз озмоишгоҳи Вуҳони Чин хориҷ шуда буд. Маҷористон аз воксани русии "Спутник V" даст кашид

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори гирифторон ба Covid-19 дар оламро 85 миллиону 552 ҳазору 661 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар саросари олам ба ҷамъи сироятшудагон то 240 014 нафар пайвастанд. То кунун аз ин беморӣ 1 миллиону 851 ҳазору 713 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумори шифоёфтагон 60 миллиону 527 ҳазору 744 нафар мебошад. Ҳоло дар бемористонҳои кишвраҳои...

Видеои нави муосир дар мавриди пешгирӣ аз уфунати коронавирус (ВИДЕО)

Ҳар рӯз гузоришҳо дар бораи афзоиши шумораи сироятёфтагони коронавирус ба қайд гирифта мешаванд. Вирус дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн мешавад. Тааҷҷубовар нест, ки бисёриҳо дар бораи саломатии худ ва наздикони худ дар ташвишанд. Дар вазъияте, ки онҳо дар бораи коронавирус дар ҳама ҷо - дар ВАО, дар кӯчаву бозор, дӯкону мағозаҳо, корхонаву хона гап мезананд, аммо ҷавонон аксар вақт вазниниву

Мо ва хонанда. Соле, ки гузашт, пурхонандатарин сол барои сомонаи КҲФ будааст

Сомонаи КҲФ муддати ин ду соли охири фаъолият бо дар баргирифтани доираи васеъи мавзӯъҳо ба як сомонаи хабариву маърифатӣ табдил ёфт. Вале кулли мавзӯъҳои баррасишаванда аз доираи ҳолатҳои фавқулода берун нестанд. Масалан, танҳо бахши “Илм ва фанноварӣ” ҳоло дорои 55 мақолаи пажӯҳишӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулода аст.

Мулоқот бо сарбозони Қисми ҳарбӣ ва аёдати собиқадорон дар остонаи Соли нави милодӣ

Дар арафаи Соли нави мелодӣ роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сарварии полковник Додиён Баҳром Одина сарбозону афсарони қисми низомии Кумита воқеъ дар вилояти Суғдро ба фарорасии Соли нав муборакбод карданд. Полковник Додиён Баҳром Одина табрикоти Раиси Кумитаи...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз ҳавои сарди шабона ва тумани субҳи зимистон эҳтиёт кунед!

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 4 январ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои соф дар назар аст, шабона дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат ба 24 дараҷа сардӣ мерасад ва дар ВМКБ дар минтақаи Мурғоб ҳарорати ҳаво то 52 (дар мавзеи Булункӯл) сард мешавад.

Коҳиши ҳарорати ҳаво махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2021

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021–ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям.

Страницы