январи 2021

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Алоҳазрат роҳзани баҳрӣ. Фрэнсис Дрейк (солҳои 1545-1596)

13    декабри соли 1577 дар бандари Плимути Англия панҷ киштӣ бодбонҳои худро боло карданд ва истгоҳи онҳо Алексндрия эълон шуд, вале бо ин ҳам кам касонро метавонистанд бифиребанд, чун ба ин киштиҳо Фрэнсис Дрейк, ки то кунун бо чанд ҳамлаву амалиёти мувафақонаааш ба қитъаҳои зери тасарруфи испониҳо ном бароварда буд, сарварӣ мекард.  Мухтасар дар бораи Фрэнсис Дрейк:

Ҷаласаи корӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии амал оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки сардорони воҳидҳои минтақавии Системаи ягонаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулодда...

Covid-19: Чин аз авҷи дубораи коронавирус дар ташвиш аст

Омори нави гирифторон ба коронавирус дар олам: Сироятшудагон  94 миллиону  315 ҳазору 331 нафар. Ҷонбохтагон 2 миллиону 017 ҳазору 913 нафар; пурра муолиҷашудагон 67 миллиону 345 ҳазору 640 нафар. 111 ҳазору 753 нафар дар беморхонаҳои олам дар ҳоли вазнин қарор доранд. Мизоми маргумир 2,14 дарсад.

Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои...

Идомаи дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотбахшон

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, инчунин такмили ихтисоси воҳидҳои наҷот дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ, марҳилаи чоруми давраи омӯзишӣ барои 16 нафар...

Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои соф, вале сарди шабона

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда ба сабаби ҳавои софи шабона дар аксар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ҳавои сард дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво дар шарқи ВМКБ шабона то -32 дараҷа (дар Булонкул шабона то -45) сард мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад...

Covid-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам аз 2 миллион нафар гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурурстӣ субҳи имрӯз, 15 январ омори гирифторон ба коронавирус дар оламро 93 миллиону 546 ҳазору 327 нафар эълон кард. Танҳо шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 275 377 нафар пайвастанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам аз КОВИД-19 2 миллиону 2 ҳазору 668 нафар фавтиданд. Аз ин беморӣ то кунун 66 миллиону 846 ҳазору 792 нафар пурра муолиҷа шуданд.

Covid-19: Дар ИМА ду навъи нави вируси корона кашф шуд, ки яке аз он зараровартар аз навъҳои дигари ин вирус аст

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 92 миллиону 778 ҳазору 983 нафар расид. Дар шабонарӯзи гузашта ин теъдод  285 037 нафар афзуд. Аз аввали ҳамагирӣ дар давлатҳои олам аз ин беморӣ 1 миллиону 986 ҳазору 903 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагони шабонарӯзи гузашта 6 078 нафар буд. Аз ин маризӣ 66 миллиону 294 ҳазору 446 нафар ҷон ба саломат бурданд.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи...

Дидору мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон

Бо мақсади таълим ва омӯзонидани аҳолии деҳаҳои дар минтақаҳои аз падидаҳои табиӣ хатарнок, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони ташкилоти байналмилалии Caritas Швейтсария бо ширкати 8 раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон машқҳои амалӣ ва вохӯриҳои...

COVID-19: Донишҷӯёни қирғиз ҳушдор доданд, ки агар давлат ба тахфифи 50% ҳақи таҳсилашон дар макотиби олӣ мусоидат накунад, даст ба тазоҳурот ва гуруснанишинӣ хоҳанд зад

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам аз 92 миллион гузашт. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар оламро 1 миллиону 971 ҳазору 724 нафар эълон намуд. Ҳоло 110 ҳазору 135 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 65 миллиону 927 ҳазору 377 нафар пурра муолиҷа шудаанд.  Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки то ба имрӯз дар кишвар 13 308 нафар гирифтори...

Се соҳибҷоизаи Кумитаи ҷавонон аз миёни наҷотдиҳандагони ҷавони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуд ва соҳибҷоизаҳо дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҷавононро ном бурд.

Чунончӣ, дар номинаи “Барои ҷасорат ва мардонагӣ” ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ се нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди...

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам беш аз 91 миллион. Чин билохира ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷозаи вуруд ва таҳлилу ташхиси вируси корона дар Вуҳон дод

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 91 миллиону  322 ҳазору 850 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи сипаришуда ба ин вирус боз 284 285 нафар сироят шуданд. То кунун аз ин вирус дар саросари олам 1 миллиону 952 ҳазору 979 тан ҷони худро аз даст додаанд. Шумори муолиҷашудагон 65 миллиону 317 ҳазору 636 нафар эълон шудааст.

Баргузории ҷаласаи Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Интиқоди генерал Назарзода аз фаъолияти ду Сарраёсати Кумита

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, бо иштироки сармутахассиси Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Далершо Ҳусейнов ҷаласаи ҳайати мушовара дар бораи натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ ва хизматӣ барои соли 2020

Страницы