Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 4 январ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои соф дар назар аст, шабона дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат ба 24 дараҷа сардӣ мерасад ва дар ВМКБ дар минтақаи Мурғоб ҳарорати ҳаво то 52 (дар мавзеи Булункӯл) сард мешавад.
Коҳиши ҳарорати ҳаво махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, хатари яхбандиҳоро дучанд мекунад. Ҳамчунин метавонад сабабгори лағзиши тарма низ шавад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя кунанд.
Пеш аз сафар бори дигар коршоямии мошинро санҷед, чархҳои тобистонаро бо чархҳои зимистона иваз кунед, дорувориҳои ниёзи аввал, арғамчин, пуркунандаи барқ барои телефонҳои мобилӣ дар мошин дошта бошед ва кӯшиш кунед телефонҳои мобилии шумо дорои ду симкорт бошанд.
Кумита бо муроҷиат ба сокинони доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро барои ҳезумкашӣ нафиристанд ва либоси гарм дошт абошанд.
Ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ ҳама гуна қоидаҳои бехатариро риоя намоед.