майи 2021

Пайдо шудани ҷасади ҷавонзани ношинос дар рӯди Варзоб. Даркушоӣ ва наҷоти духтарчаи танҳо

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як хонаи баландошёна воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт дари баста хонаеро боз карданд, ки духтарчаи ҳафтсола дар дохили он монда буд.

Сигнали даъват ба ёрӣ ба шумори умумии “112” аз як сокини ин бино расид.

COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар Ҳинд аз 300 ҳазор гузашт. Вазири тандурустии Тоҷикистон иддиои баъзе расонаҳоро дар мавриди коронавирус рад кард

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 167 миллиону 533 ҳазору 334 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯз боз 126 ҳазору 988 нафар мубталои ин вирус шудаанд. Теъдоди фавтидагони 24 соати гузашта 2803 нафар эълон шуда, аз аввали ҳамагирӣ 3 миллиону 478 ҳазору 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз ин беморӣ 148 миллиону 623 ҳазору 446 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вазорати беҳдошти Ҳинд хабар дод, ки теъдоди...

Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 200 оилаи ниёзманди офатрасидаи ноҳияҳои Вахш ва Восеъ (ВИДЕО)

Бо мақсади расонидани кумакҳо ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар аз рӯзҳои аввали омадани селҳои харобкор пайваста ёриҳои башарӣ дар шакли маводҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мерасанд.

Идомаи рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Кӯлоб

Дар қаламрави шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ, наҷотдиҳандагон ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони хадамоти гуногуни ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ширкат доранд.

Бино ба гузориши Ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ то 23-уми...

Оё метавон кӯдаконро дар хона танҳо гузошт?

Аслан беназорат гузоштани кӯдакон дар хона мумкин нест. Бахусус агар онҳо хеле хурдсол бошанд. Вале дар зиндагӣ ҳар гуна мушкилот пеш меояд ва баъзан лозим мешавад волидон ба кори муҳиме як муддат аз хона берун раванд. Дар ин гуна ҳолатҳо тифлони хеле хурдсолро ҳам набояд танҳо дар хона гузошт. Аммо онҳое, ки дар хона бояд бимонанд, синну солашон ба ҳадде бошад, ки гапро фаҳманд.

Фаввораи оташфишони Нирагонго дар Конго ҳудудан 2 миллион сокинони як шаҳрро водор ба фирор кардааст

Оташфишони Нирагонго дар Ҷумҳурии Демократии Конго, воқеъ дар марз бо Раундо рӯзи 22-уми май дубора фаввора зад. Бино ба гузориши хабаргузори  Reuters давлати Конго тарҳи тахлияи шаҳри Гуморо ба иҷро гузоштааст. Интиқоли неруи барқ ба шаҳр қатъ шудааст. Бӯи ғализи партовҳо ва гудозаҳо атрофро фаро гиифтааст.

Дар ҳамин ҳол вулканшинос Дарио Тедеско гуфтааст...

Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ дар Консойи шаҳри Гулистон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳр дар масъалаҳои  мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади санҷидани сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ва ҳайати шахсии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои

Боздиди Сарвазири Тоҷикистон аз ноҳияҳои офатрасида. Рафъи паёмадҳои сел идома дорад

21 – уми моҳи майи соли 2021 дар доираи дастурҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои офатрасидаи Ҷомӣ, Вахши вилояти Хатлон дидан намуд ва бо фаъолони ин ду ноҳия мулоқот кард.

Дар ҷараёни шинос шудан бо рафти корҳои барқарорсозии харобиҳои...

Ҳукумати марказии Ҳинд аз сарони иёлотҳо хост бемории занбурӯғии мукормикозро эпидемия эълон кунанд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 164 миллиону 523 ҳазору 894 нафар расидааст ва ҷонбохтагон 3 миллиону 412 ҳазору 032 нафар эълон шудааст.

ИМА ҳамоно дар сироят ба коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст (33 миллион) ва бештар аз 588 ҳазор нафар аз ин вирус ҷон додаанд. 

Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ дар кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб, Восеъ, Вахш, Ҷомии вилояти Хатлон аз ҷониби Ситоди фаврии бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Чунончӣ, дар кӯчаҳои С. Даминзода, Садиков, Хати Роҳ, Корвонгузар, Нонбои поён, Суғдиён, Чармгарони поён, Нурафшон, Чинор, Куҳнашаҳри шаҳри Кӯлоб бо иштироки...

Чанд иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташон бо ҷавонон

Як бахши муҳими суханронии Пешвои миллат дар мулоқоташон бо ҷавонон, ки чанд лаҳза пештар ба анҷом расид, дар бораи нақши ҷавонон дар рушди иқтисод ва фарҳанги кишвар буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла гуфтанд:

 Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил...

Оғози маросими савгандёдкунии наваскарон дар қисмҳои ҳарбии КҲФ (ВИДЕО)

Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунии наваскарон оғоз шуд, ки дар ин чорабиниҳо роҳбарони Кумита ширкат намуданд.

Чунончӣ, 20-уми моҳи майи соли 2021 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита, ки дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир...

Страницы