Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 200 оилаи ниёзманди офатрасидаи ноҳияҳои Вахш ва Восеъ (ВИДЕО)

Бо мақсади расонидани кумакҳо ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар аз рӯзҳои аввали омадани селҳои харобкор пайваста ёриҳои башарӣ дар шакли маводҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мерасанд.

Танҳо зарфи ду рӯзи охир наздик ба 200 оила аз ноҳияҳои Восеъ ва Вахши вилояти Хатлон, ки дар натиҷаи селҳо зарар дида буданд, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон як миқдор бастаҳои беҳдоштӣ, асбобҳои ошхонаӣ ва лавозимоти дигар кумак расонида шуд. 

Ин ёриҳо бо воситаи техникаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалҳои офатрасида бурда шуданд ва бо иштироки Комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба ниёзмандон тақсим карда шуданд.