майи 2022

Ҳолати омодабош дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии вилояти Хатлон чӣ корҳоеро анҷом доданд?

Боронҳои баҳорӣ, ки рӯзҳои охир сабаби омадани селҳои харобкор ба гӯшаву канори кишвар шуданд, як бори дигар ин нуктаро хотиррасон мекунанд, ки омодагӣ ба ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулода боиси коҳиши хатар ва зарар мешавад.

 Дар иртибот ба баланд шудани хавфи эҳтимолии фалокатҳои табиии гуногун – селҳо, ярч, тарма, обхезӣ ва ғайра

Наҷотдиҳандагони ҷавон соҳиби шаҳодатнома шуданд

Дар Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ – наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 15 нафар имдодгарони ҷавони Кумита аз тамоми манотиқи кишварамон баргузор гардид.

Наҷотдиҳандагон дар тӯли як моҳ усулҳои нави амалиёти

Наҷоти ҷавони 19-сола, ки дар мобайни рӯди Душанбе дармонда буд

Нимишабии 6 майи соли 2022, соати 01:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар миёни рӯди Душанбе, дар наздикии тарабхонаи “Яккасарой” дар яке аз девораҳои оҳанубетонии мобайни дарё ҷавоне дармондааст.
Дарҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагони Бахши вокуниши

Борону селҳои шабонарӯзи гузашта дар кишвар. Хатар ҳамоно бартараф нашудааст!

Шаби 5-ум ба 6-уми майи соли равон дар натиҷаи боронҳои пуршиддат сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ боло рафта, боиси омадани сел шуд. Сел дар деҳаи Ҳамадонии ҷамоати деҳоти ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода 75 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард.
Ҳамчунин, боронҳои пуршиддат сабаби резиши сел аз

Ҳашари умумӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиии эҳтимолӣ дар вилояти Хатлон

5 майи соли 2022 дар ноҳияи Кушониён, деҳаи Бибихурами ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Хушбиёни ҷамоати шаҳраки Бустонқаъла, деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Заргар,  деҳаи Каминтерни ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва дар деҳаи Партсеъзди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо ҷалби қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудуди Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Кушониён ва аҳолии  деҳаҳои  мазкур  ҳашари 

КҲФ: Аз омадани селҳо эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 5-7 майи соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба сабаби боронҳои пуршиддат омадани сел дар назар аст. Ҳамзамон болоравии дамои ҳаво метавонад сабабгори лағзиши тарма, резиши санг, ярч ва баланд шудани

Дарсҳои омӯзишӣ дар Хатлон

Рӯзҳои 3-5 майи соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Нақшаи пурра намудани ҳайати Маркази таълимию методии Раёсати КҲФ дар соли 2022 ва тибқи Барномаи таълимии Кумита барои шахсони масъули Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Шаҳритус, Ҷ.Балхӣ, Панҷ ва Ҷайҳун

Дар Суғд шеваҳои пешгирӣ аз ғарқшавиро меомӯзанд

Бо фаро расидани фасли гармо одамон бештар барои истироҳат дар соҳили обҳо ниёз пайдо мекунанд.  Ин аст, ки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар минтақаҳои гуногун корҳои таблиғотӣ ба роҳ мемонанд

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ҷаласаи ҳайати

Селҳои шабонарӯзи гузашта. Талафоти ҷонӣ нест, аммо одамон чорвои хонагиии худро талаф доданд

Боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар боиси харобии роҳҳову муваққатан баста шудани онҳо мешаванд. Жола ба киштзорҳо таҳдид мекунад. То ин замон Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо мушаки зиддижоларо ба сӯи абрҳои жоладор партов кардаву хатарҳоро барҳам задааст.
4-уми майи соли  2022 дар натиҷаи боронҳои басо

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест

Бино ба хабари Марази зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми майи соли равон соати 05:05 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази зилзила 294 ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 12 километр шимолу шарқ аз шаҳри Хоруғ, 182 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Лахш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ

Баҳор аст ва фасли боронҳои шадид. Тайи ду рӯзи охир дар аксар минтақаҳои кишвар ҳаво боронӣ буд ва бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ то 6-уми май ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Боронҳои шадид хавфи омадани селҳои вайронкорро зиёд мекунанд. Аз ин рӯ, бояд аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳои эҳтимолӣ омода шуд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи

Се хабар аз рӯзи гузашта. Боди шадид боми чанд хонаро кандаву дарахтонро шикастааст

Як дарахти сояафкани бузург бар асари шамоли сахти дирӯз шикаста болои боми як сокини кӯчаи ба номи Нусратулло Махсум, 65, воқеъ дар шаҳри Душанбе афтодааст ва барои боми хона хатар эҷод кардааст.

Бо дарёфти ин хабар дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи

Страницы