Activities calendar

29 июни 2016

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода

Генерал-полковники милитсия Назарзода Рустам 21 феврали соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1980 Мактаби олии милитсияро дар шаҳри Омски собиқ ИҶШС хатм намуда, то соли 1996 дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои ваколатдори оперативӣ, сардори шуъбаи Раёсати кофтуковӣ-ҷиноятии ВКД Тоҷикистон, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри  Турсунзода, сардори Раёсати кофтуковӣ-ҷиноятии ВКД ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Генерал-майор Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа

Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон 12-уми марти соли 1963 дар деҳаи Муллокенҷаи ноҳияи Ҷиргатол дуида ба олам кушодааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси  муҳандис – механик хатм кардааст. Соли 2010 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Фаъолияти кориашро соли 1985 чун муҳандиси МТП дар хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод шуруъ кардааст.