Activities calendar

14 марти 2017

Баррасии дурнамои татбиқи тарҳи DIPECHO- X дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Комиссияи Аврупо бо сарварии роҳбари бахши Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Покистон ҷаноби Филипп Моган баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои КҲФ ва Комиссияи Аврупо мавриди барасӣ қарор гирифт.