Activities calendar

29 марти 2017

Ҳавои номуътадили чанд рӯзи оянда: ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 30-уми март то 1-уми апрели соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боришоти шадид ва дар минтақаҳои куҳӣ раъду барқ ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. Шамол аз тарафи ғарб дар як сония аз 17 то 22 метр мевазад.

Заминларза қаламрави кишварро такон дод

Рӯзи 29-уми марти соли 2017 соати 04:52 дақиқа
дар қаламрави кишвар замин такон хӯрд.
Маркази заминларза дар 280 километраи ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе,
15 километр аз шаҳри Хоруғи ВМКБ буд.
Қувваи он дар маркази заминларза 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дод.
Заминларза талафоти ҷонӣ ва вайронӣ надошт.