Activities calendar

24 октября 2017

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намояндаи ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва намояндаи низомии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ таъкид карданд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  бо сарварии Намояндагии ҳарбӣ  Даниэл Н.Зайтунян баргузор шуд.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент

Бо мақсади татбиқи амалии дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 10-уми феврали соли 2017 ироа шуда буд, КҲФ Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва пешгириву бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро таҳия карда буд.