Activities calendar

20 октября 2017

Дар Минск чӣ гузашт?

Тавре хабар дода будем, 17-18 – уми октябри соли 2017 дар шаҳри Минск даҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шуд. 
Дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони хадамоти наҷоти Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон,

Наҷоти зане, ки пас аз моҷарои хонаводагӣ мехост худкушӣ кунад

19 октябри соли 2017 наҷотдиҳандагони гуруҳи таъиноти махсус дар минтақаи Рашт зани 28-солаеро, ки худро мехост дар дарёи Сурхоб ғарқ кунад, наҷот доданд

Соати 10:13 хабари қасди худкушии ин зани ҷавон ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда расид. Шахсе, ки ин хабарро расонд, мегуфт, ки дар болои санги калоне дар миёни дарё як зан истодаву қасди худкушӣ дорад.