Activities calendar

11 декабря 2017

Анҷоми маросимҳои савганди ҳарбии наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савганди ҳарбии наваскарон ба анҷом расид ва дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ бинои нави Ситод ба истифода дода шуд. Ин биино бо назардошти талаботи замон сохта шуда, дорои ҳама гуна шароитҳои мусоиди корӣ мебошад ва бо техникаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар Лахш омӯзиши интерактивии аҳолӣ барои офатҳои табиӣ баргузор шуд

Дар омӯзишҳои интерактивӣ дар ду рустои ноҳияи Лахш ҳудудан 500 нафар ширкат карданд. Ин омӯзишҳо бо мақсади бунёди системаи самаровари ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, ҳамчунин татбиқи вазифаҳои аз ҷониби Раиси КҲФ гузошташуда дар бораи роҳандозии мулоқотҳои иловагӣ бо мардуми маҳалҳо ба хотири фаҳмонидани корҳои