Activities calendar

24 сентября 2019

Пажӯҳиши паёмадҳои тағйироти иқлим. Чаро Гретаи наврас роҳбарони оламро ноком меномад?

Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши СММ оид ба тағйири иқлим дар ҷараён аст.  Дар остонаи ин ҳамоиш Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ гузориш мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: паёмадҳои тағйироти иқлимӣ дар панҷ соли охир шадидтар шудааст. Дар ин гузориш омада, ки аз соли 2014 то 2019, яъне аз замони оғози сабти гармо гармтарин давраи таърихӣ будааст.  Боло омадани сатҳи оби дарёҳо дар ин давра шитоби бештаре гирифта,  интишори газҳои гулхонаӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Наҷоти кӯҳгардони раҳгумзада баъди 19 соати оғози ҷустуҷӯ

Боз як амалиёти наҷоти шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар бо муваффақият ба анҷом расид. Ба дунболи наҷоти чаҳор гардишгари исроилӣ дар кӯҳҳои Бадахшон ин бор куҳнавардони раҳгумзадаи Федератсияи Русия наҷот дода шуданд.  Амалиёти ҷустуҷӯ 19 соат давом кард.

Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар водии Зарафшон рӯзи 22 сентябри соли равон як амалиёти муваффақонаро дар ҷустуҷӯи ду кӯҳнаварди раҳгумзадаи Русия дар кӯҳҳои Фон воқеъ дар шимоли кишвар ба анҷом расониданд.